5
Имон ба Писари Худо
1 Ҳар касе, ки ба Таъиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад. 2 Агар мо Худоро дӯст дорем ва фармонҳои Ӯро иҷро кунем, бо ҳамин мефаҳмем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем. 3 Зеро Худоро дӯст доштан ин фармонҳои Ӯро иҷро кардан аст. Фармонҳои Ӯ бошанд, вазнин нестанд, 4 чунки ҳар кӣ аз Худо таваллуди нав гирифтааст, ҷаҳонро ғалаба мекунад ва ин ғалабае, ки бар ҷаҳон ғолиб мебарояд, имони мост. 5 Пас кӣ бар ҷаҳон ғолиб мебарояд? Фақат он касе, ки ба Писари Худо будани Исо бовар мекунад.
6 Исои Масеҳ ҳамонест, ки ба воситаи обу хун омадааст. Ӯ на фақат ба воситаи об, балки ба воситаи обу хун омадааст. Инро Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ҳақ аст. 7 Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад:* Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар оятҳои 7 ва 8 омадааст: «Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад: дар осмон Падар, Калом ва Рӯҳи Муқаддас ва ҳар сеи Онҳо як ҳастанд ва се шоҳид дар замин аст: Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд». 8 Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд. 9 Мо шаҳодати инсонро қабул мекунем, вале шаҳодати Худо чӣ қадар бештар боварибахш аст. Охир дар ин ҷо худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат додааст. 10 Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард. 11 Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. 12 Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад.
Хулоса
13 Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед. 14 Бинобар ин мо дар ҳузури Худо ин бовариро дорем, ки ҳар чӣ мувофиқи хости Ӯ хоҳиш кунем, Ӯ ба мо гӯш меандозад. 15 Пас, агар донем, ки Ӯ ҳар хоҳиши моро мешунавад, мо инчунин медонем, ки чизи хоҳишкардаамонро ба даст овардаем.
16 Агар шумо бинед, ки бародаратон гуноҳе мекунад, ки ба марг намебарад, бояд барояш дуо кунед ва Худо ба ӯ ҳаёт мебахшад, яъне ба оне, ки гуноҳи ба марг набаранда мекунад. Чунки гуноҳе ҳаст, ки ба марг мебарад ва ман намегӯям, ки барои чунин гуноҳ бояд дуо кунед. 17 Ҳамаи корҳои нодуруст гуноҳ ҳастанд, вале ин гуноҳест, ки ба марг намебарад. 18 Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва Шахси Бад ба онҳо даст расонда наметавонад. 19 Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти Шахси Бад мебошад. 20 Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.
21 Фарзандони азиз, худро аз бутпарастӣ эҳтиёт кунед† Дар баъзе нусхаҳои қадимии навиштаҷот дохил шудааст: «Омин.».
*5:7 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар оятҳои 7 ва 8 омадааст: «Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад: дар осмон Падар, Калом ва Рӯҳи Муқаддас ва ҳар сеи Онҳо як ҳастанд ва се шоҳид дар замин аст: Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд».
†5:21 Дар баъзе нусхаҳои қадимии навиштаҷот дохил шудааст: «Омин.»