15
Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда
Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд. Вале фарисиён ва шариатдонон норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». Бинобар ин Исо ба онҳо чунин масалро гуфт: «Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад сар гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нӯҳтоашро дар чарогоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз пайи вай намеравад? Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои кифтонаш бардошта ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам“. Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нӯҳ накӯкоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.
Масал дар бораи тангаи гумшуда
Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро рӯфта, бодиққат намекобад, то онро пайдо бикунад? Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чун тангаи гумкардаамро ёфтам“.
10 Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, айнан ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».
Писари гумроҳшуда
11 Боз гуфт: «Марде ду писар дошт. 12 Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Он қисми молу мулкеро, ки насиби ман аст, ба ман бидеҳ“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард. 13 Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми бойигариашро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард. 14 Баъд аз он ки ҳамаи бойигариашро барбод дод, дар он сарзамин қаҳтии сахте ба амал омад ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд. 15 Сипас рафта хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд ва он мард ӯро ба замини худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад. 16 Азбаски ба ӯ чизи хӯрданӣ намедоданд, вай тайёр буд, шикамашро бо еме, ки хукҳо мехӯрданд, пур кунад. 17 Оқибат вай ба худ омада гуфт: „Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам! 18 Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам 19 ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам. Маро ҳамчун яке аз хизматгоронатон қабул кунед»“. 20 Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард. 21 Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам* Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: Бигзор ман мисли яке аз хизматгоратон бошам.“. 22 Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед. 23 Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем! 24 Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“. Пас онҳо ҷашне оростанд.
25 Ҳамин вақт писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. 26 Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст? 27 Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон баргашт ва чун падаратон ӯро зиндаву саломат дид, гӯсолаи боникардаро сар бурид“. 28 Бародари калониро чунон қаҳраш омад, ки нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро розӣ кунонданӣ шуд. 29 Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Чандин сол аст, ки ман ба шумо хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолачаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам. 30 Вале ин писаратон, ки дороии шуморо ҳамроҳи фоҳишаҳо хӯрда тамом карду баргашт, шумо барои вай гӯсолаи боникардаро сар буридед“. 31 Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст. 32 Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“».

*15:21 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: Бигзор ман мисли яке аз хизматгоратон бошам.