9
Шифо ёфтани шал
1 Исо ба қаиқ савор шуд ва аз кӯл гузашта ба шаҳри худ баргашта буд, ки 2 чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд».
3 Дар айни ҳол якчанд шариатдон аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони кофирона мегӯяд». 4 Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дилҳои худ ба фикрҳои бад ҷой медиҳед? 5 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“? 6 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!»
7 Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. 8 Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарсу ваҳм афтода Худоро, ки ба инсон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд.
Даъват шудани Матто
9 Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд.
10 Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. 11 Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?»
12 Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. 13 Рафта фаҳмед, ки чунин гуфтаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
Савол дар бораи рӯза
14 Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» 15 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. 16 Охир ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав ямоқ намекунад, чунки ямоқ дарида, ҷои он боз ҳам аёнтар мешавад. 17 Инчунин шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезанд, чунки ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк медараду шароб мерезад ва машк низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на машк».
Зинда шудани духтару шифо ёфтани зан
18 Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад». 19 Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт.
20-21 Як зане, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исои роҳ рафтаистода наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. 22 Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт.
23 Баъд Исо ба хонаи он сардор даромада, найнавозони барои азо омада ва мардуми гирёнро дида, 24 гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. 25 Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. 26 Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт.
Шифо ёфтани ду марди нобино
27 Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!»
28 Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» — ҷавоб доданд онҳо.
29 Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», 30 ва чашмони онҳо бино гаштанд. Исо онҳоро қатъӣ огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса зинҳор ба касе чизе нагӯянд. 31 Онҳо аз он ҷо баромада рафтанду, баръакс, дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ овоза паҳн карданд.
Шифо ёфтани марди гунг
32 Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш, гунг буд. 33 Лекин, вақте ки Исо аз он мард девро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо изҳори ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!»
34 Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо девҳоро бо қудрати худи сардори девҳо берун мекунад.*9:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 34 дохил нашудааст.
Ба мардум раҳм кардани Исо
35 Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ибодатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду касалии одамонро шифо мебахшид. 36 Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. 37 Пас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. 38 Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад».