22
Масал дар бораи базми тӯй
1 Исо боз ба сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм рӯ оварда гуфт: 2 «Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин: подшоҳе писарашро хонадор карданӣ шуда, базм барпо мекунад 3 ва хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон мефиристад. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд. 4 Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода мегӯяд: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, чунки барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шудаанду ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“. 5 Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар якеашон бо кори худашон машғул мешаванд: як қисмашон ба саҳроҳои худ мераванд, қисми дигарашон ба дӯконҳои худ, 6 баъзеашон бошанд, хизматгоронро дошта, латукӯб мекунанду мекушанд.
7 Шоҳ ба қаҳру ғазаб омада, сарбозонашро назди он одамкушон мефиристад, ки онҳоро нобуд карда шаҳрашонро сӯзонанд. 8 Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд: „Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд. 9 Ҳоло ба кӯчаҳои серодам раведу чӣ қадар бисёртар одамонро ёфта тавонед, ҳамаашонро таклиф кунед“. 10 Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки меёфтанд, баду некро фарқ накарда ба тӯйхона ҷамъ меоварданд. Оқибат тӯйхона пури одам шуд.
11 Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона медарояд, чашмаш ба марде меафтад, ки либосаш идона нест. 12 „Эй ҷӯра, — муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ, — чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист.
13 Он гоҳ шоҳ ба хизматгоронаш фармон дода мегӯяд: „Дасту пои ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“». 14 Исо суханонашро хотима дода гуфт: «Донед, ки бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд».
Вазифаи одамон назди ҳокимон ва Худо
15 Он гоҳ фарисиён як тараф ҷамъ шуда, нақша кашиданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. 16 Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. 17 Бигӯед, ба фикри Шумо, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
18 Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Ҳой, дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! 19 Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд 20 ва Ӯ пурсид: «Дар он акс ва номи киро мебинед?» 21 «Императорро», — ҷавоб доданд онҳо.
Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо».
22 Аз шунидани чунин ҷавоб онҳо бениҳоят ҳайрон шуданд ва бо ҳамин ҳолат аз наздаш рафтанд.
Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ
23 Худи ҳамон рӯз баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд: 24 «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо чунин навиштааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида аз олам гузарад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. 25 Инак, бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. 26 Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27 Оқибат зан ҳам вафот кард. 28 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
29 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 30 Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 31 Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: 32 „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».
33 Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд.
Муҳимтарин қонуни Худо
34 Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавоби худ забонкӯтоҳ кард, як гурӯҳ шуда омаданд. 35 Ва қонуншиносе аз байни онҳо барои озмудани Исо чунин савол дод: 36 «Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?»
37-38 Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем“. 39 Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем“. 40 Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».
Савол дар бораи Масеҳ
41 Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид: 42 «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд», — ҷавоб доданд онҳо. 43 Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:
44 „Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам,
аз дасти ростам бишин»“.
45 Агар Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»
46 Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.