4
Масал дар бораи деҳқон
Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд. Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо сар кард. Ӯ гуфт:
«Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».
Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар ва пайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. 11 Исо ҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳии худро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим дода мешавад, 12 то ки онҳо
„бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд,
бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд
ва сӯи Худо рӯ нагардонанд,
то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
13 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
14 Деҳқон каломи Худоро мекорад. 15 Он ҳиссаи донаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударо медуздад. 16 Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, якбора бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд, 17 вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, 19 аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. 20 Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».
Дар бораи чароғ
21 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд? 22 Ҳамин тавр, ҳар чӣ пинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад. 23 Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
24 Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад. 25 Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад».
Масал дар бораи сабзиши дона
26 Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад 27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣ тавр сурат мегирад. 28 Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. 29 Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».
Масал дар бораи донаи хардал*4:30 Хардал — (горчитса) гиёҳе, ки баландиаш аз 120 см. то ба чору ним метр рафта мерасад, донааш бошад, аз ҳамаи донаҳо ва тухмҳои растаниҳои дигар хурдтар аст.
30 Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем? 31 Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштан аз ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад, 32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама гиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лона месозанд».
33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунин масалҳои зиёд баён мекард. 34 Исо ба онҳо ҳама чизро бо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.
Исо тӯфонро ором мекунад
35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем». 36 Сипас, онҳо мардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳ даромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд.
37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. 38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!»
39 Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
40 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» 41 Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!»

*4:29 4:30 Хардал — (горчитса) гиёҳе, ки баландиаш аз 120 см. то ба чору ним метр рафта мерасад, донааш бошад, аз ҳамаи донаҳо ва тухмҳои растаниҳои дигар хурдтар аст.