7
Поку нопок
Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти «бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд.
Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ.
Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?»
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд:
„Худо мегӯяд:
«Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,
вале дилашон аз Ман дур аст.
Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,
чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“
Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.
10 Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“. 11 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, 12 шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад. 13 Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед».
14 Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.
15-16  Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одам медарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, вайро ҳаром мекунад* 7:15–16 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад».».
17 Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд. 18 Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? 19 Чунки хӯрок ба дили шумо дохил намешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берун мебарояд» (бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст).
20 Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад. 21-22  Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ. 23 Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».
Имони як зан
24 Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд.
25 Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. 26 Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад.
27 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст».
28 Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд».
29 Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст».
30 Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст.
Шифо ёфтани марди кар
31 Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд. 32 Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.
33 Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд. 34 Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. 35 Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд.
36 Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. 37 Мардум қоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».

*7:15–16 7:15–16 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад».