19
Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд. Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд. Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд. Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»
Сардорони рӯҳонӣ ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».
Вақте Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид. Ӯ боз ба дохили қаср баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод. 10 «Бо ман гап задан намехоҳӣ? — пурсид Пилотус. — Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?» 11 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат дошта наметавонистӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».
12 Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»
13 Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар маҳале ба номи Сангфарш, ки ба забони ибронӣ онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии доварӣ нишаст. 14 Арафаи иди Балогардон, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!» 15 Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» — гуфт Пилотус. Сардорони рӯҳонӣ ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз император подшоҳи дигаре надорем!»
16 Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти онҳо супорид.
Мехкӯб шудани Исо
17 Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт. 18 Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро дар салибҳо, яке аз тарафи чап ва дигаре аз тарафи рост, мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд. 19 Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён». 20 Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибронӣ, румӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.
21 Сардорони рӯҳонии яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи Яҳудиён“ нанавис, балки бинавис, ки „Ин одам «Ман Шоҳи Яҳудиён ҳастам» мегуфт“». 22 «Ҳар чӣ навиштаам, навиштам», — ҷавоб дод Пилотус.
23 Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд; ин курта аз матои яклухт бофта шуда буд ва ҷои пайваст надошт. 24 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад».
Дар навиштаҷот омадааст: «Либоси Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар куртаи Ман қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад. 25 Чунин буд амали сарбозон.
Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Келуп ва Марями Маҷдалия истода буданд. 26 Исо модари худ ва дар канори Ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». 27 Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.
Марги Исо
28 Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»
29 Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба он сирко тар карданду ба нӯги чӯбе гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд. 30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.
31 Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи истироҳат буд ва сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар рӯзи истироҳат дар салиб бимонад, чунки он рӯзи истироҳат ба рӯзи иди бузург рост омада буд. Бинобар ин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананду ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд. 32 Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд. 33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд. 34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35 (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд). 36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд. 37 Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».
Дафни Исо
38 Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. 39 Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард. 40 Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд. 41 Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд. 42 Азбаски арафаи рӯзи истироҳати яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд.